Раиси ноҳияи Данғара дар Ҷумҳурии Туркия бо раиси ноҳияи Османгазии вилояти Бурса вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия бо раиси ноҳияи Османгазии вилояти Бурса вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо дар ин дидор масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Дар ноҳияи Омонгазии Туркия Раиси ноҳияи Данғара ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо соҳибкорон мулоқот намуда, бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ низ шинос шуданд.
Ҳамчунин ҳайати корӣ аз ёдгориҳои таърихии ин ноҳияи Туркия боздид намуд.
Ёдовар мешавем, ки 17 октябр Раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Исломиддин Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Бурсаи Туркия сафар намуд.


Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Бурса имконияти ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷию хӯрокворӣ, инчунин тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи ин сафар ҳайати ноҳияи Данғара бо роҳбарии Исломиддин Раҳмон дар ноҳияи Осмонгазии вилояти Бурса бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ ва дӯзандагӣ шинос гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара









Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






