Раиси вилояти Хатлон бо ҳолати Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шинос шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо вазъи будубоши тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин мактаб – интернат соли 1959 таъсис ёфта, то ҳоло фаъолият дорад. Дар соли нави таҳсил 130 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки аз инҳо 113 нафар писар ва 17 нафарашон духтарон мебошанд.
Муассисаи мазкур аз рӯзи таъсис то имрӯз як зумра мутахасисони болаёқат, ба мисли олимон Аламхон Кучаров, Муродалӣ Набиев, Сайдаҳтам Юнусов, Сайидалам Юнусов, Маҳмуд Абдуллоев, Ҳақназар Хоҷаев, Саид Атоев, Давлатманд Холов, Ҷумъахон Сафаров, Шермуҳаммади Шоҳиён, Абдурозиқ Ҳамидов, Солеҳҷон Завқиев, генерал — майор Рустам Амакиев, Пайрави Сулаймон, Хисрав Наимов, Парвиз Наимов, Дурандеш Иброҳимзода, Ҷамшед Олимов, Сафаралӣ Одинаев, Муҳаммади Амакӣ ва дигаронро тарбия намуда, ба камол расонидааст.
Бо дастгирии Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ин ҷо утоқи замонавии дӯзандагӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон барои духтарон ва ҳаммоми нави замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз таҳсилу фаъолияти онҳо огоҳ гардид. Аҳли маориф вазифадор гардиданд, ки барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси вилоят баъди суҳбату вохӯрӣ ба тарбиятгирандагон туҳфаҳо ва сарулибоси мактабӣ супорид.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






