Раёсат дар Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2024 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт

Октябрь 18, 2023 09:36

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати котиби генералии Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ — Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалди Даулеталин ҷаласаи IV Шуро барпо гардид, ки дар он роҳбарии ин Шуро дар соли 2024 ба уҳдаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вогузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа аъзои Шуро-роҳбарони федератсияҳои Иттифоқҳои касабаи Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Муғулистон, инчунин намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират, ҳайати марказҳои миллии иттифоқҳои касабаи панҷ давлати аъзои Шуро иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласаи Шуро роҳбарии Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар соли 2024 ба ҷониби Тоҷикистон гузашта, мувофиқи он ҷаласаи 5-уми Шуро дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд