Роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Дӯстӣ мумфарш мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи «Маҳрами Ҳотам»-и ноҳияи Дӯстӣ бо ташаббуси узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Солеҳ Маҳмадхоҷаев, саҳми сокинони деҳа ва дигар ҷонибдорони ҳизб мумфаршнамоии қисми асосии роҳи деҳа оғоз карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин кор саҳми кормандони Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дӯстӣ низ назаррас буда, бо истифода аз техникаҳои роҳсозии ин муассиса роҳ мумфарш карда мешавад.
Чунин иқдом аз ҷониби сокинон идома ёфта, рӯзҳои наздик дигар қисматҳои роҳи деҳа низ мумфарш карда мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт ва рушди пайвастаи деҳоти мамлакат давра ба давра таъмин мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






