«РОҒУН»-ИНШООТИ ИТТИҲОДУ ИФТИХОРИ МО. Роҳбарият ва кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар намуданд

Октябрь 24, 2023 16:50

ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр роҳбарият ва кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо ҷараёни иҷрои корҳо дар ин иншооти тақдирсози миллат аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.

Намояндагони вазорат хуб дарк менамоянд, ки имрӯз неругоҳи «Роғун» мақоми ҷаҳонӣ пайдо ва таваҷҷуҳи мутахассисони техникиву иқтисодии давлатҳои дунёро ба худ ҷалб намудааст. Дар радифи бинандагони сершуморе, ки аз корхонаву ширкатҳои хориҷиву дохилӣ бо неругоҳи «Роғун» шинос мешаванд, кормандони сафоратҳои дигар давлатҳо низ қарор доранд.

Роҳбарият ва кормандони вазорати корҳои хориҷӣ зимни сафар ба  иншооти асосии Тоҷикистон бо нақби сохтмонии қабати чаҳорум, мавзеи сарбанди асосӣ, ки бо баландии 335 метр қомат меафрозад, обқабулкунакҳои доимии неругоҳ, ки дар сатҳҳои 1152 ва 1190 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешаванд, нақбҳои обрасону шахтаҳои ҳаводеҳ, нақбҳои нақлиётиву дастрасӣ, толори мошинҳо ва ғайра шинос шуданд.

Фаъолияти босуботи бунёдгарон, ки бо реҷаи шабонарӯзӣ идома меёбад, барои намояндагони соҳаи дипломатияи Тоҷикистон мароқангез буд.

Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар оянда бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард квт/с барқ тавлид менамояд. Шаш чархаи он- ҳар як 600 мегаватт иқтидор доранд. Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Октябрь 24, 2023 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд