Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ВАО-и Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 100-солагии Ҷумҳурии Туркия бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки Туркия ҳамчун ҷумҳурии дӯсту бародар яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки 16 декабри соли 1991 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон 29 январи соли 1992 барқарор намуд.
«Тоҷикистон дорои табиати зебою нотакрор, таърихи пурғановат ва фарҳанги бою ғанӣ аст. Ман дар ин ҷо худро хеле роҳат ва ҳатто дар хонаи худ эҳсос менамоям»,-гуфт Умут Аҷар.
Ба гуфтаи сафир, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудаанд.


«Байни ду давлат заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Маҳз дар заминаи ин санадҳо имконияти мусоиди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоию гуманитарӣ фароҳам гардидаанд»,-гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар.
Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 31 сол пур шуд. Дар давоми ин солҳо дар соҳаҳои гуногун натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Хусусан ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, энергетика, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сиёсиву амниятӣ аз афзалият ба шумор меравад.
Байни ду давлат заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин давра зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат ба имзо расиданд. Маҳз дар заминаи он санадҳо имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дар боло номбаршуда фароҳам гардид.
Тазаккур дода шуд, ки танҳо соли 2022 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия 351,2 миллион долларро ташкил дод. Сафири Туркия иброз дошт, ки яке аз корҳои муҳиме, ки мехоҳем анҷом диҳем, ин зиёд намудани гардиши савдо то ҳаҷми 1 миллиард доллар байни ду давлат мебошад.
Ҳамасола тақрибан 50 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон тариқи бурсия дар Туркия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки ба гирандагони ин бурсияҳо тамоми хароҷоти давраи таҳсил пардохт мегардад. Ба гуфтаи мавсуф, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи ин бурсияҳо зиёд шавад. «То ин рӯз тақрибан 1000 нафар донишҷӯён донишгоҳҳои Туркияро хатм намуда, ҳамчун мутахассисони варзида барои соҳаҳои тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ омода мешаванд», -иброз дошт Умут Аҷар.
Дар идома сафир ба саволҳои гуногуни хабарнигорон посух дода, ҳамзамон иброз дошт, ки тасмим гирифтаанд соли 2024 дар Тоҷикистон ҳафтаи филмҳои туркӣ баргузор намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири маорифи Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми глобалии Эътилофи тамаддунҳои СММ иштирок намуд
Дар Сеул Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Москва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Австрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Ҳамватанони бурунмарзӣ дар Туркманистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастҷамъона тамошо намуданд
Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Котиботи давлатии ИМА супорид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид






