Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии боғпарварии «Боғи Нодир» шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд.
Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна шинос шуда, намоиши маҳсулоти кишоварзиро тамошо намуданд.
Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироати гуногун кишт мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини бозорҳои ноҳия ва дигар истеъмолкунандагон бо маводи тару тоза ва босифати кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати содироти маҳсулот дар 50 гектар парвариши дарахтони зардолу, 4 гектар анор, 3 гектар бодом, 7 гектар олу, 6 гектар пиёз ва дар 8 гектар каду ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” серсоҳа буда, дар он ҳамчунин дар майдони 48 гектар пахта ва дар масоҳати 32 гектар шолӣ кишт шудааст.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва заминҳои корам, инчунин таҷрибаи бойи заминдорӣ хоҷагидорон дар майдони 1 гектар помидор ва дар 1 гектар зироати дигар кишт намуда, дар масоҳати умумии 0,2 гектар гармхона бунёд намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонию боғпарварии “Боғи Нодир” ба тарзи ташкили кор, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баҳои арзанда доданд.
Ҳамчунин ба хоҷагидорон ҷиҳати рушду равнақи соҳаи боғдорӣ ва зироаткорӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.









Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






