Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 31, 2023 12:17

ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи баракат” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев бо мақсади дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 1 гектар бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Корхонаи мазкур аз ҳисоби даромади софи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Сомон» бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна равғанро ташкил медиҳад.

Дар корхона дар як шабонарӯз 70 тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат истеҳсол мегардад.

Дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, оянда бо афзун намудани ҳаҷми иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонда мешавад.

Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфтааст. Дар корхонаи истеҳсолӣ аз пахта, маъсар, лӯбиё ва офтобпараст равған истеҳсол ва дар зарфҳои гуногуни пластикӣ ҷой карда мешавад. Коргарони корхона маҳсулоти худро ба сокинон бо нархи дастрас ва нисбат ба бозор арзон пешкаш менамоянд.

Самти фаъолияти корхонаи “Файзи баракат” ба истеҳсоли равғанҳои растанӣ ва зарфҳои пластикӣ нигаронида шудааст. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, оянда ба содирот нигаронида мешавад.

Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Чин, Ҷопон, Полша ва дигар давлатҳо технологияи муосир оварда, васлу насб карда шудааст.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷми аз 1 то 20 литраро дар бар мегирад. Маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯзаи он дар дохили корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир мутобиқат ва бехатарии маҳсулотро назорат менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ, ки бештар аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад, маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар арафаи ифтитоҳи корхона директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» Давлаталӣ Ҷӯрабеков ва роҳбари Ширкати чинии «Синзян Мадина Интернешнл Логистик груп Ко лимитед» Кунугули Махачи барои содироти равғани корхона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Ифтитоҳи корхонаи равғанбарории ҶДММ “Файзи баракат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 31.10.2023

Октябрь 31, 2023 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд