«ШОҲҶОИЗА» БА «РОҲ»! Филми Носир Саидов сазовори баландтарин мукофоти Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» гардид

Октябрь 20, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, шоми дирӯз маросими пӯшидашавии аввалин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид. Шоҳҷоизаи ин синамоҷашнвора ба коргардони тоҷик Носир Саидов барои таҳияи филми «Роҳ» тақдим шуд.

«Роҳ» чӣ гуна филм аст ва дар бораи чӣ қисса менамояд? АМИТ «Ховар» шарҳ медиҳад.

Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов буда, муҳтавои он дар бораи рӯзгори заноне қисса менамояд, ки баъди адои ҷазои тӯлонӣ аз маҳбас баромадаанд.

Қаҳрамонҳои асосии филми «Роҳ» заноне ҳастанд, ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара нишастаанд ва ҷомеа нисбат ба занони маҳбус бархурди дигар дорад. Зеро дар ҷомеаи мо барои мардум маҳбусӣ шудани зан даҳшат ҳисобида мешавад. Барои бинанда зиндагии минбаъдаи ин гуна занон мисли муаммо аст.

Дар филм нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Ниссо Муҳаммадҷонова, Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов бозидаанд.

Алексей Мячиков чанд сол мешавад, ки бо коргардон Носир Саидов ҳамкорӣ дорад. Ӯ дар филмҳои «Муаллим» ва «Оинаи беҷило» чун коргардони дуюм ифои вазифа намудааст. Мавсуф мегӯяд, ки «мушкили рақами як барои филмофарон- ин пайдо намудани ҳунармандони нав дар мамлакат аст. Зеро яке аз меъёрҳои мавҷуда дар филм пайдо намудани чеҳраи нав мебошад. Хушбахтона, мо кӯшиш намудем, ки дар филми «Роҳ» бо назардошти омилҳои мавҷуда чеҳраҳои нав интихоб намоем. Ба монанди ҳунармандони ҷавон Мунира Зоирова ва Ҷовидон Маҳмадов, ки дар Русия мактаби ҳунарпешагиро хонда, имрӯз барои нақш офаридан ба кино ҷалб шудаанд».

Дар баробари Алексей Мячиков барои офаридани филми «Роҳ» Александр Голупсов ва Татяна Помисова низ барои сабти овоз ва пардозгарӣ аз шаҳри Москва даъват шуданд. Онҳо тавассути ин филм бори аввал бо филмофарони тоҷик ҳамкорӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки муаллифи филмномаи «Роҳ» Сафар Ҳақдодов, коргардон Носир Саидов, наворбардор Георгий Дзалаев буда, филм дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст. Оҳангсози филм Далер Назаров буда, тадвингари он Диловар Султонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 19 октябр дар пойтахт Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардид.

Дар он меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Октябрь 20, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд