Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои СҲШ пурранамоии мушаххаси ҳуҷҷатҳои консептуалиро баррасӣ менамояд

Октябрь 25, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Бишкек ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавзуи асосии ҷаласа баррасии масъалаҳои пурранамоии мушаххаси  ҳуҷҷатҳои консептуалии қаблан қабулшуда мегардад.

Вақтҳои охир якчанд санадҳои муҳим қабул гардиданд, ки дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои аъзои Созмонро муайян менамоянд.

Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то соли 2035 амалӣ мешавад. Дар ҷаласаи охирини Шурои сарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи июл дар Ҳиндустон баргузор шуд, Стратегияи ҳамкории иқтисодӣ то соли 2030 қабул гардид.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба  мушаххасан пуррасозии мундариҷаи  ин ду ҳуҷҷати барномавӣ мубодилаи афкор менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 25, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд