Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд

Октябрь 12, 2023 14:38

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 октябр дар Бишкек Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, вазирон зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ намуда, оид ба масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад. Ӯ иброз дошт, ки Тоҷикистон низ дар татбиқи консепсияи раёсати кунунӣ дар Созмон ҳиссаи худро гузошта, дар ин росто соли 2023 дар Душанбе ҷаласаҳои Шурои байнидавлатӣ оид меъёрикунонӣ, метрология ва иҷозатномадиҳӣ, Шурои байнидавлатӣ оид ба кайҳон, инчунин Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муваффақона доир намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ тазаккур дод, ки дар ҷаҳони бовусъат тағйирёбанда дар назди Иттиҳод дар муқоиса ба 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодаанд. Дар ин қарина ӯ аз идомаи ҳамкории пайгиронаи муштарак ҷиҳати мукаммалсозии абзори ҳамкорӣ бо такя ба қарор оид ба мутобиқнамоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти ҷаҳони муосир, ки соли 2016 қабул гардидааст, ҷонибдорӣ намуд.

Аз натиҷаҳои ҷаласа вазирон масъалаҳои баимзорасонии Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии Рӯзи Ғалаба, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин якчанд созишнома ва изҳоротро мувофиқа намуда, ба баррасии сарони давлатҳо манзур намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Вена мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд