«СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ». Дар Хуҷанд даври сайёри такмили ихтисос ифтитоҳ шуд

Октябрь 9, 2023 17:43

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд барои сармутахассисон-сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» даври сайёри такмили ихтисос ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ифтитоҳи расмии даври такмили ихтисос ректори Академияи идоракуннии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноибони ректор, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар назар аст, ки дар доираи даври сайёри такмили ихтисос дар мавзуъҳои шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми идоракунии зиддибуҳронӣ ва нақши он дар амнияти иқтисодии корхона, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ, психологияи муоширати касбӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва амсоли ин машғулият гузаронида шавад.

Ҳамзамон дар фарҷоми давр дар мавзуи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо» баргузории ҳамоиш дар назар дошта шудааст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2023 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд