Сокинони шаҳри Норак тариқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд

Октябрь 22, 2023 17:00

НОРАК, 22.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бо мақсади соҳибкасб намудани сокинон филиали  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, филиали КВД «Маркази касбомӯзӣ»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Норак ва Маркази касбомӯзии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Норак фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо садҳо нафар  касбҳои гуногунро меомӯзанд.

Директори Филиали  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Норак Раҳима Асрорзода  иброз дошт, ки «дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар муассисаи мо беҳтарин шароит барои касбомӯзӣ муҳайё гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли равон тариқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳашт гурӯҳ бо шумораи 186 нафар касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, ороиши мӯй, рӯй, нохун ва дигар касбҳоро  аз худ намуданд. Ҳамчунин 57 нафари дигар тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби касб гардида, 28 нафар шаҳрвандонеро, ки касб дошта, вале ҳуҷҷат надоштанд, бо шаҳодатномаи касбӣ таъмин намудем».

Бояд гуфт, ки  шаҳрвандон бештар тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ройгон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, муроҷиат менамоянд.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, бояд ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои  ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. Аз ин рӯ  кормандони Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷиҳати беҳтар гардонидани касбомӯзӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ кӯшиш менамоянд.

Дар шаҳри Норак ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ барои касбомӯзии шаҳрвандони бекасб шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  фаъолият менамояд. Имсол 350 нафар сокинони шаҳр аз рӯйи ихтисоси кафшергар, дӯзанда ва асосҳои омӯзиши кор бо компютер ва 282 нафари дигар тариқи худмаблағгузор ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд.

Масъулини филиали КВД «Маркази касбомӯзӣ»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Норак гуфтанд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон дар маркази мазкур 86 нафар касби дӯзандагӣ, 43 нафар қаннодӣ, 15 нафар ошпазӣ ва 43 нафар гулдӯзӣ хонда, онро аз худ намуда, сазовори шаҳодатнома гаштанд.

Маркази касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Норак аз рӯйи 4 ихтисос, аз қабили кафшергари газию барқӣ, устои барқ, дӯзандагӣ ва кор бо компютер фаъолият дорад. Ҳоло дар ин муассиса ду гурӯҳ  бо шумораи 55 нафар донишҷӯ  касб меомӯзанд. Ҳамчунин дар муассиса даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои гуногун касб меомӯзанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд