СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Саноатчиёни вилояти Хатлон ба андозаи қариб 8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Октябрь 24, 2023 18:21

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Тоҷикистон саноатчиёни вилояти Хатлон  бо истифода аз имконияти мавҷуда имсол ба андозаи қариб 8 миллиард  сомонӣ (7 миллиарду 983,6 миллион сомонӣ) маҳсулот истеҳсол намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 694,6 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9 фоиз таъмин гардид. Корхонаҳои хӯроквории шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷо бо бахши хусусӣ соли равон беш аз 1,1 миллиард сомонӣ, баробар ба 114,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба маблағи 148,4 миллион сомонӣ таъмин намуданд.       Мувофиқи омори расмӣ, дар ин давра корхонаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва чарму пойафзоли вилоят ба маблағи зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Инчунин дар ин давра аз 144 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 107 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 610 ҷойи кор ба истифода дода шуд. Самти корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, мусалласи ангур, макаронбарорӣ, маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсулоти пластикӣ, филизӣ, хишти пухта, хишти роҳрав ва хишти қирӣ (сементӣ), собуни хоҷагӣ, моеъи зарфшӯӣ, симтӯр, коркарди пахта, мебелбарорӣ нигаронида шудааст.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бинобар барқарор намудани Корхонаи азотии шаҳри Левакант 764 ҷойи кор таъсис ёфт.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 24, 2023 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд