Соли 2023 дар Тоҷикистон 31 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ сохта шуд

Октябрь 11, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 барои беҳтаркунии дастрасии хизматрасонии аввалин ба аҳолӣ дар умум 31 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ сохта шуда, дар 77 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Чунин иттилоъ дода шуд имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Инчунин 84 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 96 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ таъмир идома дорад.

Таъкид гардид, ки кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар ҷаласа инчунин вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони чашм дар муассисаҳои тандурустии мамлакат, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйиру иловаҳо аз ноябри соли 2022) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд