«СПЕЦМАШ-ТОҶИКИСТОН-2023». Дар Душанбе Намоишгоҳи мошинсозии махсусгардонида баргузор мешавад

Октябрь 8, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 08.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Намоишгоҳи мошинсозии махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи «Спецмаш-Тоҷикистон-2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Намоишгоҳи мазкурро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ташкил менамоянд.

Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноъати ғизоии Русия доир шуда, танзимгари намоиш Ҷамъияти саҳомии «Экспоцентр» мебошад.

Дар намоишгоҳи «Спецмаш-Тоҷикистон-2023» беш аз 9 корхонаи истеҳсолии Русия иштирок менамоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад