«ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН». Дар ин мавзуъ дар Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид

Октябрь 12, 2023 10:35

 ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати бозомӯзии мушовирони томактабии раёсат ва шуъбаҳои маориф ва роҳбарони машваратҳои доимамалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар мавзуи «Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» машварати омӯзишӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он муовини Вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, мушовирони кабинетҳои методӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати маориф ва илм мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» зарур мебошад.

Машварати  мазкур 11 октябр оғоз ёфта, имрӯз ҷамъбаст мегардад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид