«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳо доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябр дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо барои хона ва хизматрасонии гуногун баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоиш-фурӯш дар Маҷмааи «Кохи Борбад» доир гардида, дар он корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.
Онҳое, ки ба ин намоиш-фурӯш меоянд, имконият доранд маҳсулоти писандидаашро бо нархи мувофиқ дастрас намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






