«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир мешавад

Октябрь 25, 2023 17:36

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли даҳум аст, ки ширкати «Тайрон» бо мақсади дастгирии сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд.

«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои муваффақи даврони Истиқлол буда, ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Дар ин Лоиҳа-озмуни бонуффуз ҳамасола даҳҳо корхонаву ширкатҳои хурду бузурги мамлакат иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногуни худро пешкаши доираи васеи истеъмолкунандагон месозанд.

Рақобат байни ширкатҳо барои ба даст овардани нишони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» бисёр шадид аст. Бартарии Лоиҳа-озмуни мазкур дар он аст, ки ба молу маҳсулоти пешкашшуда мардум-истеъмолкунандагон баҳо дода, бо роҳи овоздиҳӣ тамғаи писандидаи худро интихоб менамоянд.

Ҳамасола дар доираи Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад. Имсол низ ташаббускорони лоиҳа ин анъанаи некро идома дода, рӯзҳои 2, 3 ва 4 ноябр дар Кохи Борбад ярмаркаи маҳсулоти хушсифати ватаниро баргузор менамоянд, ки дар он ширкату корхонаҳои маъруфи Тоҷикистон иштирок намуда, молу маҳсулоти хушсифатро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш менамояд.


Аз намоишгоҳ орд, равған, биринҷ, макарон, маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза, маҳсулоти ширӣ, аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, торту шириниҳои лазиз, соку шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводи шустушӯиву ороишӣ, мавод барои хона ва дорувориро дастрас намудан мумкин аст.

Дар Намоишгоҳ ҳамчунин телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондинсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқимакунаку тафдон ва дигар намудҳои техникаи маишӣ ба муштариён бо нархи яклухт пешниҳод мегардад. Дар Намоишгоҳ намудҳои дигари хизматрасони низ пешкаш карда мешаванд.

Маросими расмии кушодашавии намоиш-фурӯши молу маҳсулоти иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» 2 ноябр, соати 09:00 дар Кохи Борбад баргузор гашта, дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок хоҳанд намуд.

Озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023» 3 ноябр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» ба таври тантанавӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон бо диплом ва нишони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 25, 2023 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд