Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Ҷамъомад бо мақсади омӯзиши муҳтаво ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2021-2025» доир гардид.
Гуфта шуд, ки ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа буда, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Президенти ҷумҳурӣ борҳо дар суханрониҳояшон нисбат ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон изҳори бовариву эътимод намудаанд.
Таъкид гардид, ки қабул гардидани барномаҳо барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» низ саривақтӣ аст.
Имрӯз барои тақвияти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, инчунин раҳоӣ аз буҳронҳои идеологиву бегонапарастӣ зарурат пеш омадааст, ки тарбияи ватандӯстӣ таҳким бахшида шавад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ватандӯсту хештаншинос будан ва барои рушди Тоҷикистон саҳм гузоштан аст.
Дар ҷамъомад як зумра омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






