«Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Агентии омор ҳамоиш доир гардид

Октябрь 11, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки мақсади асосии он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон мебошад.

Бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар қалби ҷавонон  яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад.

АКС: Агентии омори назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд