«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ХАТАР БА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ!». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм-хатар ба амнияти инсоният!» ҳамоиши байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш олимону донишмандон ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва мақомоти масъули мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлат диққати аввалиндараҷа диҳем.


Дар идомаи ҳамоиш як қатор олимону коршиносон дар мавзӯъҳои «Роҳҳои пешгирии ақидаҳои террористиву экстремистӣ байни ҷавонони Тоҷикистон», «Муқовимат ба терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кибертерроризм ва хатарҳои он ба амнияти иттилоотӣ», «Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир», «Самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати муқовимат ба терроризму экстремизм ва таъмини амнияти минтақа» ва ғайра маъруза намуда, таъкид карданд, ки мавзуи мавриди назар яке аз масъалаҳои мубрам боқӣ монда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Танҳо ҳушёрии сиёсӣ, иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа дар мубориза бо ин «вабои аср» метавонад суботи ҷомеа ва амнияти давлатҳоро таъмин кунанд, иброз доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






