Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ ҳамкориро вусъат мебахшанд
ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ноиби президенти университети Хирошима-Президенти ҷамъияти арзёбии Ҷопон, профессор Йоко Ишида ва ҳайати он баргузор гардид, ки зимни он ҳамкории мутақобилан судманд дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки тибқи қисми 5, банди 18 Низомномаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо Котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, яке аз вазифаҳои асосии он ҳамоҳангсозии амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо барномаву стратегияҳои соҳавию минтақавӣ мебошад.
Ҳамзамон дар доираи Гурӯҳи кории 13-и Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ва Ҳадафҳои рушди устувор корҳо тақвият дода шуда, якҷо бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даврҳои омӯзишӣ ва машваратҳо бо ҷалби мутахассисон аз Ҷопон бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) гузаронида шуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби профессор Йоко Ишида дар мавзуи «Бозёфтҳо ва омӯзишҳо оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар Тоҷикистон» рӯнамо пешкаш гардида, масъалаҳо вобаста ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии ҷумҳурӣ ва мушкилиҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






