Тоҷикистон ва Русия дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳоро эътирофи мутақобила намуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ қонунӣ гардида, расмиёти дохилидавлатии он ба анҷом расид. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоъ медиҳад.
Ҳуҷҷат ба рушди иқтидори муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди ҳаракати академикии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд.
Ҳамкории ду давлат дар соҳаи маориф ва илм босуръат рушд ёфта, имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла дар барномаҳои аспирантура таҳсил менамоянд.
Нишондиҳандаҳои назарраси ҳаракати академикӣ созишномаро дар бораи эътирофи мутақобила ва баробарии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо аз 24 ноябри соли 1998 таъмин менамуданд. Дар баробари ин, баъзе масъалаҳо тибқи қонунгузории миллии давлатҳо барои баррасии мақомоти салоҳиятдор боқӣ монданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими имзои созишнома 3 март дар Душанбе бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков баргузор гардид. Шартнома моҳи октябри соли равон эътибор пайдо намуд.
Елена БАТЕНКОВА,
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






