То соли 2026 20 ҳазор ҷавон, аз ҷумла шахсони маъюб ба омӯзиш фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд

Октябрь 15, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (VOLIP2)» то соли 2026  20 ҳазор ҷавон, занҳои бекасб ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Лоиҳа аз соли 2022 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд бо ҷалби 19,1 миллион доллар татбиқ мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин лоиҳа 14 бинои маркази нави касбомӯзӣ сохта шуда, як маркази касбомӯзии амалкунанда ва хобгоҳи донишҷӯён таъмир мешавад. Инчунин он бо асбобу таҷҳизоти соҳавӣ пурра таъмин шуда, мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд