Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» гардиданд

Октябрь 31, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Аз ҷумла, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии донишгоҳ Аҳмадҷон Домуллоҷонов дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ, Шаҳриёр Авезов – докторанти курси аввали факултети биология ва химия дар номинатсияи химия соҳиби ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, Мақсадхон Раҳмонова – донишҷӯи курси 4-уми факултети математика дар номинатсияи математика соҳиби ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Ҳамзамон Сунатилло Ибодзода –донишҷӯи курси панҷуми факултети физикаю техника дар номинатсияи физика ва Идрисҷон Мамадҷонов – донишҷӯи курси чоруми факултети математика дар номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар заминаи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) гузаронида шуда, соли сеюм аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Октябрь 31, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд