Вазири молияи Тоҷикистон бо директори иҷроияи Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Шоҳигарии Марокаш Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори иҷроияи Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Андрей Широков мулоқот гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра изҳори назар намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






