Вазири молияи Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Марокаш иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш дар ҳамоиши сатҳи баланди Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ таҳти унвони «Дарёфти воситаҳои нав барои дигаргунсозии соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Тақвияти шарикӣ барои рушди устувор» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи мамлакат.
Ҳамоиш дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ доир гардид.
Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио дар ҳамоиш оид ба саҳми ин фонд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ дар минтақа сухан гуфт.
Зимнан Директори минтақавии Фонд оид ба давлатҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Дина Салеҳ вобаста ба дурнамои ҷалби маблағгузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа барои се соли минбаъда ибрози андеша намуд.
Вазири молияи Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии мамлакатро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба техникаи кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва ҳифзи муҳити зист иброз намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






