Вазири молияи Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Марокаш иштирок намуд

Октябрь 11, 2023 16:36

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш дар ҳамоиши сатҳи баланди Фонди  байналмилалии рушди кишоварзӣ таҳти унвони «Дарёфти воситаҳои нав барои дигаргунсозии соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Тақвияти шарикӣ барои рушди устувор» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи мамлакат.

Ҳамоиш дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ доир гардид.

Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио дар ҳамоиш оид ба саҳми ин фонд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ дар минтақа сухан гуфт.

Зимнан  Директори минтақавии Фонд оид ба давлатҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Дина Салеҳ вобаста ба дурнамои ҷалби маблағгузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа барои се соли минбаъда ибрози андеша намуд.

Вазири молияи Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии мамлакатро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба техникаи кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва ҳифзи муҳити зист иброз​ намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд