«ЯК КАМАРБАНД — ЯК РОҲ». Ҳайати расмии Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалӣ дар Пекин иштирок намуд

Октябрь 18, 2023 13:54

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми  сеюми байналмилалии «Як камарбанд — Як роҳ», ки 17-18 дар Пекин доир мешавад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сухан гуфт.

Дар Форуми  сеюми байналмилалии «Як камарбанд — Як роҳ»  намояндагони 130 давлати ҷаҳон ва 30 созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.

«Як камарбанд — як роҳ» ташаббуси байналмилалии Чин барои такмили долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба шумор меравад. Он беш аз 60 давлати  Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам пайваста, барои пешбурди рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни давлатҳо ва Чин пешбинӣ шудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд