«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Пагоҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир мегардад

Октябрь 3, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 03.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш забоншиносони варзидаи мамлакат, муҳаққиқони соҳа иштирок намуда, вобаста ба нақши забон мубодилаи афкор менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид, ки  дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд.

Аз ҷумла, дар асари мондагори худ «Забони миллат – ҳастии миллат» аз таърихи забони тоҷикӣ ёдовар шудаанд, ки он арзиши баланди илмиву маънавӣ дошта, метавонад дар арсаи байналмилалӣ муаррифи забони тоҷикӣ бошад.

Тавре Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» баён доштаанд, «барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину  дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтаанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад. Аз ҷумла, изҳор доштаанд, ки «забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлолият ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома мебахшад».

Бояд гуфт, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор менамояд, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи мамлакат камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам байни  тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мо аст.

Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият меёбад