ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ОЙИНАИ ПУРҶИЛОИ МИЛЛАТ. Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 октябр дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимият омадан диққати махсусро ба ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ дода, бо додани мақоми давлатӣ ба он ҷойгоҳи забони миллиро муайяну мустаҳкам намуданд. Бо ба роҳ мондани иқдому ташаббус ва тасмиму қарорҳои зиёду саривақтӣ дар муддати кӯтоҳ забони шевои миллии мо на танҳо дар сарзамини аҷдодӣ рушд намуд, балки бо кӯшиши фарзонафарзанди миллат, Пешвои миллат аз минбари муътабартарин институти ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид садо дод. Он имрӯз ба сифати забони тамаддуни бостонӣ дар чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию илмӣ ва фарҳангии байналхалқӣ бештар мавриди истифода қарор мегирад.
Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди аз даст додани ҳокимият тоҷикон маҳз тавассути забону илму фарҳанги волои худ соҳибдавлат монданд, зеро аксарияти вазифаҳои баланди давлатӣ дар дасти тоҷикон қарор дошта, забони тоҷикӣ забони расмии давлатдорӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ва берун аз ин ҳудуд ба ҳисоб мерафт. Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоҳноманавис Абулқосим Фиравсӣ, олиму табиб Абӯалӣ ибни Сино, Ҳаким Носири Хусрав, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш ва ҳазорон файласуфону адибону олимон ва санъаткорон бо эҷоди худ онро дар қораҳои гуногуни олам паҳн менамуданд. Дар ин замина, Пешвои забондону забондӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши забони тоҷикӣ дар нигаҳдошти асолати таърихӣ баҳои сазовор дода, баён доштаанд, ки «маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст».
Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ мақоми расмӣ ва ҷойгоҳи муносибу сазовори худро танҳо дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат соҳиб гардид. Қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», стратегия ва барномаҳои марбута, омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил ва дигар тадбирҳои судманд дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ манзалати забони миллиро болову мустаҳкам намуданд. Сарвари давлат мунтазам аз эҳтиром ва эътибори забони тоҷикӣ бо эҳсоси баланди фарзандӣ сухан гуфта, меҳру муҳаббати худро нисбат ба забони модарӣ баён месозанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд






