13 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Теъдоди онҳо дар ҷаҳон 36 миллион нафарро ташкил медиҳад

Ноябрь 13, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 13.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳое, ки биноии худро комилан аз даст дода, бо вазъи душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, 13 ноябр аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Рӯзи байналмилалии нобиноён эътироф шудааст. Тибқи маълумоти ин созмон, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар дорои нуқсони биноӣ буда, 36 миллион нафари он нобино мебошанд.

Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст пайваста корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки дорои 11 филиал дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мебошад.

«Ҳадафи асосии Ҷамъияти нобиноён ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбони чашм, иштирок дар муайянсозӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба нобиноён, мусоидат ва татбиқи ваколатҳои давлатӣ дар офияти тиббӣ, касбӣ, иҷтимоӣ ва муттаҳидкунӣ, ҷалби онҳо ба меҳнат, маълумот, фарҳанг ва варзиш, беҳтар намудани шароити моддӣ-маишии онҳо мебошад», -иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Жантемир Нормуродов.

Ба иттилои ӯ, дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар нобиноён сабт шудаанд, ки аз ин теъдод 1800 нафарашон кӯдакон мебошанд.

«Аз ҷониби филиалҳои Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон барои нобиноён чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои тиббӣ бо ҳуруфоти брайлӣ амал намуда, маҳфилҳои махсуси таълимии инкишофдиҳанда, аз ҷумла шоҳмоту шашка, буриш ва дӯзандагӣ, ҳунарҳои гуногун, таҳия ва таъмири пойафзол, инчунин синфи мусиқӣ ва омӯзиши компютер ташкил шудаанд», -гуфт ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон шумораи мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино 6 адад мебошад. Аз ҷумла, мактаб-интернат дар шаҳри Исфара, кӯдакистон-мактаби махсуси нобиноён дар шаҳри Хуҷанд, мактаби шабонарӯзии кӯдакони нобино ва сустбин дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудаанд.

Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 2 мактаби шабона-ғоибона барои калонсолони нобино дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат фаъолият доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 13, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид