Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд

Ноябрь 8, 2023 17:23

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо  тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Иттилоъ дода шуд, ки «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз рӯйи иқтидори ғунҷоиш барои 550 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ гардидааст.

Дар айни ҳол дар ин муассисаи таълимӣ  512 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 27 нафар ятими кулл, 16 нафар бепарастор, 34 нафар бемодар ва 222 нафар бепадар буда, аз онҳо 52 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.  Инчунин 213 нафар аз оилаҳои  камбизоат мебошанд.

Дар Мактаб-интернат 90 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олӣ ва олии нопурраи касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 61 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бинои таълимии муассиса бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин буда, дар се ошёнаи он 30 синфхонаи фаннӣ, 16 кабинети корӣ, 20 хобгоҳ барои писарон бо 360 кати хоб, 3 утоқи бозии кӯдакон, инчунин дар паҳлуи бинои таълимӣ хобгоҳ барои духтарон (барои 350 нафар), 2 майдончаи варзишӣ, 1 толори барҳавои варзишӣ, 2 толори маҷлисгоҳ  ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрўз ҳамчунин дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо, ки  нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пажуҳишгари номвар ва омӯзгори муваффақ мебошад,  ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард.

Сипас вохӯрии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо меҳмони олиқадр доир шуд.

Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо зимни суханронӣ аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин  дар самти омӯзишу таҳқиқ ва иҷрои пажуҳишҳои тоза ибрози андеша намуд. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии пажуҳиши муосир масъалаи занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар ин самт корҳои илию эҷодӣ анҷом додан талаботи замон мебошад.

Дар идомаи мулоқот китоби хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо — «Санъати зиндагии занон»  рӯнамоӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин китоб тозанашр буда, дар он нақши занон дар ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил гаштааст. Китоби «Санъати зиндагии занон» аз 8 боб иборат буда, мавзуъҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан – зебоӣ, зан — ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2023 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид