Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Ноябрь 17, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврӣ дар баробари инъикоси муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ мақолаву маводи таҳлилӣ ва гузоришҳо ба нашр расониданд.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 15 ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст: «Дарвоқеъ, ҳаёт собит намудааст, ки таърих дар ҳар замон шахсони бузургу наҷотбахшеро рӯи саҳна меорад, ки дар сарнавишти халқу миллати худ нақши мондагор мегузоранд. Имрӯз миллати тоҷик абармарде мисли Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки бо ҷонфидоиҳои хеш номи Тоҷикистонро дар минбарҳои баланд ҳамчун давлату миллати сулҳҷӯю ваҳдатсаро софдилона, содиқона, самимонаву тоҷикона муаррифӣ менамояд. Ин марди хирад на танҳо барои тоҷикон, балки ба тамоми аҳли башар идеал гаштаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва муборизи роҳи озодӣ чунин гуфта буд: «Ман имрӯз Сарвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ бо паёми сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст, сулҳ биорад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии мо дар солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем». Бештари форсизабонони дунё низ доштани чунин роҳбарро орзу мекунанд. Роҳбаре, ки қалбаш танҳо барои осоиштагии мардумаш метапад. Роҳбаре, ки хушбин аст. Роҳбаре, ки ғамхори хурду бузург аст».

Дар саҳифаҳои нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 15 ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои таҳлиливу муаллифӣ бо сарлавҳаҳои «Баёнгари ягонагии давлат ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон», «Ҳомию ифтихори миллат», «Доштани сарвари дурандешу адолатгустар неъмати бузургест», «Симои баландмақоми ҷомеа», «Посдори таърих ва тамаддуни дирӯзу имрӯзи миллат», «Ҳокимияти президентӣ-заминаи рушди давлатдорӣ», «Бо ташаббуси Президент Қонуни авф 18 маротиба қабул шуд» чоп шудаанд. Муаллифи мақолаи «Роҳбаре, ки Худованд пуштибони ӯст» навиштааст: «Яке аз иқдоми аввалини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз роҳбари худодод ва дурандешу хирадманд буданашон дарак дод, муроҷиат ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 ба халқи шарифи Тоҷикистон мебошад. Давоми камтар аз як моҳ таҳия намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои неку созанда ва бунёдкорона, ба инобат гирифтани манфиати тамоми кишрҳои ҷомеа ва дарки амиқи вазъият аз ҷониби Сарвари давлат ва манзур намудани он ба ҳайси муроҷиатнома на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳониён аз хиради воло, ҳисси баланди ватандорӣ, қобилияти фавқулодаи давлатсозӣ ва иродаи мустаҳками Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ шуданд. Ин муроҷиатномаро метавон ҳамчун як барномаи мукаммали рушди давлатдорӣ ва давлатсозӣ, раванди баромадан аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ эътироф намуд. Агар ҳар яке аз мо воқеъбинонаю холисона нахустин муроҷиатномаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди таҳлил қарор диҳем, бебаҳс ба хулосае меоем, ки воқеан Худованд Сарвареро ба миллати мо насиб донист, ки аз пуштибонии Ӯ бархӯрдор мебошад, зеро ҳар як банди ин муроҷиатнома, ки амалисозии он, пеш аз ҳама, ба дӯши Пешвои миллат вогузор шуда буд, дар замони эълони он амалинашавандаеро мемонд».

Дар шумораи идона ва рангаи нашрияи «Народная газета» ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳо оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар эҳёи асосҳои давлатдории миллӣ, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президент ва сиёсати ҷавонон, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи тандурустӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти таърихии Президенти маҳбуби мамлакат чоп шудаанд. Муаллифи  мақолаи «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ — эҳёи асосҳои давлатдории миллӣ» аз Муроҷиатномаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон иқтибос овардааст: «Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат намуда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд менамоям, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона намуда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар мақолаи нашрнамудаи нашрияи  ҳизбии «Минбари халқ» аз 15 ноябри соли 2023 омадааст: «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве боз намуд. 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли мамлакат  мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Маҳз дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми мамлакат ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати Сардори давлат ба зиммаи он кас гузошта шуд. Бо ин ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон дилгарм намуд. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ намуданашон ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила ва барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».  Воқеан ҳам, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст, дасти мардонагии худро ба сӯйи мухолифини Ҳукумат дароз намуда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Барҳақ, тамоми неруву ғайрат ва ҳам ҳастиашонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap мебарад».

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» навиштааст: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвар ва ташкилоти хориҷӣ беш аз 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техникаро ба имзо расонид. Дар асоси ин санадҳо зиёда аз 40 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии мамлакат зарурӣ дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд. Соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар ин замина марказ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз рӯйи он ихтисосҳое, ки дар мамлакат омода карда намешаванд ва рушди иқтисодиёти мамлакат ба онҳо ниёз дорад, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» созмон дода шуд, ки то имрӯз аз ҳисоби ин стипендия беш аз 400 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи мамлакат фиристода шудаанд… Дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу мондагор аст. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти маорифи миллӣ мусоидат намуданд. Мусаллам аст, ки дар сиёсати давлатӣ самти арзишманду афзалиятнок пазируфта шудани соҳаи маориф аҳамияти муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, ба рушду инкишофи ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ заминаҳои асосиро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои бузург дар соҳаи маориф ба миён овард. Мақом ва манзалати низоми маориф дар пешрафту таҳаввулоти ҷомеа такмил ёфта, ба сифати омили пешрафти иқтисодиёт ва амнияти миллӣ шинохта шуд. Аз ин рӯ, соҳаи маориф яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб шуда, дар замони муосир ва рушди бовусъати илму технология вазифаҳои муҳимму саривақтиро ба миён гузоштааст. Ислоҳоти куллие, ки дар соҳаи маориф ба назар гирифта шудааст, имкон фароҳам меорад, то маорифи миллии мо бо таҳсилоти ҷаҳонӣ дар як сатҳ қарор гирад. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамавқеъ гуфтаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шавад».

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «16 шинохти зиёиён аз Пешвои миллат» андешаҳои шоирон Гулназар, Меҳринисо, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, нависандагон Саттор Турсун, Кароматулло Мирзо, олимон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон Сайфуллоев, Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммад Абдураҳмон, Раҳим Масов, Носирҷон Салимӣ, Маҳмад Раҳимзода,  ходимони давлатӣ  Эмомалӣ Насриддинзода ва Абдуфаттоҳ Шарифзодаро нисбат ба корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудааст. Ҳамчунин нашрия аз рушди бомайлон, босуръат ва сифатан нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, дар саҳифаҳои дохилӣ мақолаҳои мавзуӣ нашр намудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд