Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода гулгашти зебову замонавӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 16, 2023 13:15

ТУРСУНЗОДА, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода  гулгашти зебову замонавӣ бо фарогирии нуқтаҳои савдо, майдончаи бозии кӯдакон, нишастгоҳҳои тозаву озода, роҳравҳои сафолакпӯш ва фазои равшану чароғон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Гулгашт бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорон дар масоҳати 9000 метри мураббаъ  сохта шуда, барои гаштугузори шабонаи сокинону меҳмонони шаҳр ва кӯдакону наврасон хеле мувофиқ ва ҷолиб аст.

Сармеъмори шаҳри Турсунзода Ҷамшед Зоирзода иброз дошт, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо иштироки меҳмонон ва раиси шаҳр боз  биноҳои истиқоматии 7  ва 14-ошёнагӣ дар маҳаллаи якум ва бинои дармонгоҳи наву замонавӣ дар маркази шаҳр ба истифода дода мешаванд.

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода  корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 435 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.  То имрӯз 172 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, роҳҳои байнидеҳавӣ ва дорои аҳамияти маҳаллии шаҳри Турсунзода бо маблағгузории мақомоти иҷроия, ҷалби соҳибкорону саҳми  сокинони деҳот беш аз 60 км асфалтпӯш гардидааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриТурсунзода

Ноябрь 16, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад