БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 215 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 808 иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки инҳо 92 корхонаи саноатӣ, 119 синфхонаи иловагию муассисаҳои таълимӣ ва 419 маркази хизматрасонӣ мебошанд. Дар ин хусус котиби комиссияи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Ваҳдат Хусрав Абдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳонидини Маҳмуд иттилоъ дод.
Хусрав Абдуллозода гуфт, ки то имрӯз аз ин шумора 215 иншоот, аз ҷумла 12 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, 18 иншооти соҳаи тандурустӣ, 29 иншооти соҳаи маориф, 2 иншооти варзишӣ, 70 иншооти хизматрасонӣ, 30 иншооти савдо ва хӯроки умумӣ, 22 роҳу пул, 9 бинои истиқоматии баландошёна ва дигар намуди иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Мувофиқи нақшаи генералии маркази шаҳри Ваҳдат, барои бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зиёда аз 60 қарори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 20 иншооти баландошёна оғоз гардида, муташаккилона идома доранд.
Сармеъмори шаҳри Ваҳдат Вайсиддин Давлатзода иброз дошт, ки иншооти ҷашнӣ мувофиқи қоидаҳои меъморӣ ва бо сифати баланд сохта мешаванд. Комиссияи доимӣ ҷараёни ин сохтмонҳоро мунтазам назорат менамояд.
Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр саъю талош намуда, кӯшиш доранд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти боқимондаи ҷашнӣ, аз қабили навсозии пулу роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасониро бунёд намуда, ба истифода диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






