Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва IBT Коллеҷи Канада созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва IBT Коллеҷи Канада оид ба тақвият бахшидани имконоти илмию таҳсилотӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзиши забони англисӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳо хабар медиҳад.
Дар донишгоҳ мулоқоти ректор бо директори IBT баргузор гардид, ки зимни он дар бораи робитаҳои судманди ду давлат- Тоҷикистон ва Канада, самти муносибатҳои байналмилалии муассиса, ихтисосҳои амалкунандаи таълимгоҳ ва таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ дар муассиса ибрози назар гардид.
Директор IBT аз пазироии тоҷикона ва ҳамкорӣ бо донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки робитаи судманди тарафайн ба таҳкими робитаҳои дӯстии байни давлатҳоямон мусоидат намуда, барои ташаккули неруи илмии мутахассисони забоншинос ва тарҷумонони касбӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
Бояд гуфт, ки меҳмонон бо марказҳои омӯзишӣ ва синфхонаҳои забони англисии факултетҳои забони англисӣ ва забонҳои Аврупо шинос шуданд.
Директори IBT бо омӯзгорону донишҷӯён низ суҳбати озоду самимӣ доир намуда, ба раванди дарс, шароити таҳсилу забономӯзӣ дар донишгоҳ ва забондониву истеъдоди донишҷӯён баҳои баланд дод.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






