Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 11, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ.

Ëддоштро Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ имзо намуданд.

Ёддошти тафоҳум аз 6 модда иборат буда, ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот ва табодули таҷрибаҳо, мубодилаи мутахассис ва коршинос, мубодилаи маводи китобхона, ташкил намудани даврҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, намоишҳо, семинарҳо ва конфронсҳо, ҳамкории пажуҳиширо дар бар мегирад.

Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон муассисаи омӯзишӣ, пажуҳишӣ, илмӣ ва хадамотӣ аст, ки асосномаи он ба тасвиби Маҷлиси Шурои исломӣ расидааст ва раёсати кулли онро Раиси Ҷумҳурии Эрон таъин менамояд.

Мавриди таъкид аст, ки аз соли 2013 то имрӯз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи бештари робитаҳо бо китобхонаҳои дунё ва ҷалби таҷрибаи онҳо дар беҳтар намудани фаъолияти китобдорӣ бо 14 давлати хориҷӣ 21 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ   ба имзо  расонидааст.

Китобхона тасмим гирифтааст, ки соли 2023 бо якчанд китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо  китобхонаҳои миллии Малайзия,  Ҳиндустон, Туркия, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон,  Китобхонаи Искандарияи Ҷумҳурии  Мисри Араб, Китобхонаи оммавӣ,  илмӣ-техникии Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир ва Китобхонаи  миллии парлумонии Ҷопон   дар самти китобу  китобдорӣ ҳамкориро амалӣ намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд