Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ.
Ëддоштро Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ имзо намуданд.
Ёддошти тафоҳум аз 6 модда иборат буда, ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот ва табодули таҷрибаҳо, мубодилаи мутахассис ва коршинос, мубодилаи маводи китобхона, ташкил намудани даврҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, намоишҳо, семинарҳо ва конфронсҳо, ҳамкории пажуҳиширо дар бар мегирад.
Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон муассисаи омӯзишӣ, пажуҳишӣ, илмӣ ва хадамотӣ аст, ки асосномаи он ба тасвиби Маҷлиси Шурои исломӣ расидааст ва раёсати кулли онро Раиси Ҷумҳурии Эрон таъин менамояд.
Мавриди таъкид аст, ки аз соли 2013 то имрӯз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи бештари робитаҳо бо китобхонаҳои дунё ва ҷалби таҷрибаи онҳо дар беҳтар намудани фаъолияти китобдорӣ бо 14 давлати хориҷӣ 21 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Китобхона тасмим гирифтааст, ки соли 2023 бо якчанд китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо китобхонаҳои миллии Малайзия, Ҳиндустон, Туркия, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Китобхонаи Искандарияи Ҷумҳурии Мисри Араб, Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир ва Китобхонаи миллии парлумонии Ҷопон дар самти китобу китобдорӣ ҳамкориро амалӣ намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






