Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия.
Дар доираи мулоқот маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок ба имзо расониданд.
Ин санад имкон медиҳад, ки аз ҳисоби Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қарзҳои имтиёзнок ҷалб шаванд.
Дар заминаи созишнома инчунин созишномаҳои молиявии алоҳида барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ба имзо расонида мешаванд.
Маблағҳои ҷалбшаванда барои ҳар лоиҳае, ки дар доираи ин созишнома ба имзо расонида мешаванд, қарзӣ буда, дорои имтиёзнокии баланд ва ба санадҳои стратегии самти идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ мебошад.
Лоиҳаҳо бо назардошти афзалият ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии воситаҳои зиндагӣ, муҳайё сохтани шароити зисти аҳолӣ дар маҳалҳо, бахусус тавассути ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ ва ғайра равона мешаванд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






