Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва Созишнома оид ба ҷудо намудани қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии субот ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Навсозии низоми обёрӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд ба имзо расид.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии субот ва рушд Андрей Широков имзо намуданд.
Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори низомҳои обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд татбиқ карда мешавад.
Арзиши умумии лоиҳа 32 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Авруосиёии субот ва рушд маблағгузорӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз ёфта, анҷомёбии он соли 2029 пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»









Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






