БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2024. Дар бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва ҷангал зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 ба соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор 250 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба нишондоди соли 2023 наздики 17 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Барои татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда» соли 2024 9,4 млн. сомонӣ равона карда мешавад, ки нисбат ба соли 2023 ду маротиба зиёд аст. Дар маҷмӯъ, дар бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва ҷангал дар соли 2024 зиёда аз 1,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 ноябри соли 2023 баргузор гардид, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иттилоъ дод.
Номбурда иброз дошт, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир новобаста аз вазъи ҳассос дар робитаҳои иқтисодии байни давлатҳо, пуршиддат гаштани рақобатҳо дар бозори истеъмолӣ, хусусан таъмини маводи озуқаворӣ, тахдидҳои нави глобалӣ, ба мисоли тағйирёбии иқлим, касалиҳои сироятӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар минтақаҳои ба мо наздики ҷаҳон, ки таъсираш ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикстон мерасад, тадбирҳои мушаххасро барои таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ андешида мешавад.
«Солҳои охир дар соҳаҳои мухталифи комплекси агросаноатии мамлакат якчанд барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд, ки албатта, барои таъмини рушди маҷмӯии соҳа мусоидат мекунанд. Дар Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 бо назардошти аҳамияти истифодаи оқилонаи захираҳои об, барои идораи он 9,4 млн. сомонӣ ва амалисозии назорат дар ин соҳа наздик ба 103 млн. сомонӣ, инчунин пешбурди сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ наздик ба 51 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст»,-иловар кард номбурда.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






