Дар Бонки миллӣ раванди «Баҳодиҳии навбатии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баҳодиҳии навбатии хавфи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ) дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе идома дорад. Бо ин мақсад сафари дуюми коршиноси сатҳи байналмилалӣ 20-24 ноябр ба ҷумҳурӣ доир шуда, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ.
Дар ҷараёни вохӯриҳо лоиҳаи ҳисоботи таҳияшудаи БХМ ҚД/МТ бо аъзои гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ таҳти роҳбарии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Давоми ҳафта бо иштирокдорон лоиҳаи ин ҳисобот, ки дар он таҳдидҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар бахшҳои гуногун, инчунин осебпазирӣ дар ташкилоти ҳисоботдиҳандаи мамлакат арзёбӣ мешаванд, муҳокима гардид.
Таъкид гардид, ки дар баҳодиҳӣ бевосита хавфҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ дар сатҳи миллӣ арзёбӣ мешаванд ва дар заминаи он ҷиҳати чораҷӯӣ ва бартараф намудани хавфҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода мешавад.
Дар натиҷаи мулоқотҳои баргузоргардида қарор дода шуд, ки иттилооти аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ пешниҳодшуда дар ҳисоботи ниҳоӣ бо назардошти таҳдидҳо, осебпазирӣ ва оқибатҳои имконпазири хавфҳо истифода бурда шаванд.
Дар назар аст, ки баъд аз ҷонибдорӣ шудани лоиҳаи ҳисобот аз тарафи гурӯҳи корӣ шакли ниҳоии он дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ амал менамояд, тасдиқ гардад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






