Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назарӣ доир шуд

Ноябрь 16, 2023 17:27

ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди инноватсионии мамлакат» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиши илмӣ оид ба моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва хидматҳои таърихии Пешвои миллат ибрози назар шуда, ҳамзамон таъкид шуд, ки ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидани Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони соҳибистиқлол атои таърих буд. Зеро дар баробари барқарории сулҳу таҳкими амният бо азму иродаи қотеи Президент дар тамоми соҳаҳо навгониву дигаргуниҳои назаррас рӯйи кор омаданд, ки давлати моро ба сӯйи пешрафт такони ҷиддӣ бахшид.

Гуфта шуд, ки ин чеҳраи таърихӣ бо хислатҳои волои худ ба дили мардум ҷо ёфт, бо ҳамдастии мардум ва дастгирии ҷомеа дар ҳалли мушкилоти пешорӯи худ комгар шуд ва дар ҷодаи сиёсат чун фарди муҳими дорои хислатҳои воло эътироф гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс оид ба мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории ҷомеаи ратсионалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рисолати таҳаммулпазирии Пешвои миллат», «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузории миллӣ», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонӣ ва пойдории сиёсати давлатии ҷавонон ва демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва ташаккули худшиносии миллӣ», «Арзишҳои миллӣ ва башарӣ дар асарҳои Пешвои миллат ва нақши онҳо дар омода намудани мутахассисони навгарои Тоҷикистон» табодули афкор шуд.

Конференсия дар панҷ бахш кори худро идома дода, 75 маърузаи илмиро фарогир буд. Фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол дар меҳвари маърузаҳо қарор дошт.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин ҳамоиши илмӣ олимони варзида ва намояндагони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва мақомоти интизомӣ иштирок намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ноябрь 16, 2023 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд