Дар Донишкадаи ҳарбӣ доир ба нақш ва аҳамияти татбиқи амалии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии курсантон бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир шуд, ки дар он доир ба нақш, аҳамият ва татбиқи амалии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мубодилаи афкор намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Дар мулоқот изҳор гардид, ки имрӯз таҳдиди терроризму ифротгароӣ ба сулҳу суботи давлатҳо, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумон, амнияту оромии бархе давлатҳо ва пешрафти самту соҳаҳои гуногуни ҷомеаи муосир хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудааст.
Иштирокчиёни вохӯрӣ таъкид намуданд, ки дар шароити пайомадҳои сиёсию идеологӣ ва таҳдиду хатарҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аҳли зиё ва дигар қишри фаъоли ҷомеи моро зарур аст, ки ба хотири тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон тамоми роҳу воситаҳои таъсиррасонро истифода баранд. Зеро, ҷавонон қувваи бузург мебошанд ва бузургтарин масъулият, яъне ҳифзу ҳимояи Ватан бар зиммаи онҳо вогузор шудааст.
Иброз гардид, ки имрӯз хатарҳои терроризму экстремизм ҳар лаҳза шакл гирифта, барои мардуми сайёра таҳдиду хатарҳоро ба миён меоранд. Барои мувоҷеҳ нагардидан бо ин вабои аср маҳз иттиҳоду сарҷамъии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон зарур аст.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки маҳз самараи ташкили чунин чорабиниҳо ва гузаронидани ин қабил корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад, ки имрӯз дар ҷузъу томи Артиши миллӣ сифати таълиму тарбия ва маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ беҳтар гардидааст.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






