Дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он баромадкунандагон бо истифода аз рӯнамоҳои муфассал андешаҳои худро дар бораи аҳамият, саҳм ва татбиқи лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, ки чор сол идома ёфт, баён намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои ҳамкории пурмаҳсул, дастгирии пайвастаи лоиҳаҳои ба рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида ва саҳми он дар солимгардонии бахши бонкӣ тавассути расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ, аз ҷумла ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Таъкид шуд, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба масъалаҳои таъмини рушди устувори низоми молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Изҳор гардид, ки дар шароити имрӯзаи рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасонии босифати молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди устувори низоми молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат нақши муҳим мебозад.
Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва амалӣ намудани «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар хусуси ҷалби кумаки техникӣ ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Гулбаҳор Назирӣ таъкид дошт, ки дар ин стратегия бахши махсуси маҷмуӣ оид ба васеъ намудани ҳуқуқ ва имконияти иқтисодии занон ва ҷавонон муайян шудааст, ки ин ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва рушди иҷтимоии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






