Дар Душанбе аввалин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид

Ноябрь 17, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак: дастовард ва масъалаҳои ҷойдошта» аввалин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва дигарон иштирок намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 декабр чун Рӯзи ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Соли равон ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон, 75-солагии Эъломияи ҳуқуқи инсон ва 30-солагии ба тасвиб расидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузории якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки чорабинии имрӯза аз ҷумлаи онҳо аст.

Муовини Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак-мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимбек Содиқзода ҳадаф аз баргузории форумро пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо, таҳлил ва оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамкории мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои ҳамгироии кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида ва нақши комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи маҳал унвон намуд.

Иброз шуд, ки тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ табиатан ба инсон тааллуқ дошта, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ба ғайр аз ин аз муқаррароти ин модда бармеояд, ки олитарин арзиш дар Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия инсон мебошад, ки ин хислати инсонмеҳварии Конститутсияро ифода менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синн яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки масъалаи ғамхории махсуси давлат ва таҳти ҳимоя қарор додани кӯдак, аз ҷумла ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи Конститутсияи мамлакат муқаррар шудааст. Вобаста ба амалишавии босамари Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузоришҳои миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди дахлдори СММ пешниҳод мешаванд. Баъд аз баррасӣ гардидани гузоришҳои миллӣ ба Ҳукумати мамлакат тавсияҳо низ пешниҳод мегарданд. Барои иҷрои ин тавсияҳо ва татбиқи босамари Конвенсия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якҷо бо дигар вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақшаҳои амали миллӣ таҳия, муҳокима ва тасдиқ мешаванд, ки ҷараёни иҷрои онҳо зери назорати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор мегирад.Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода, ҳанӯз соли 1948 дар Эъломияи ҳуқуқи инсон сабт шудааст, ки кӯдакон бояд объекти махсуси ғамхорӣ ва кумак бошанд. «Қабул гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак- ин нуқтаи баландтарини ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки инсоният давоми асрҳо орзуи онро дошт. Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак нахустин ҳуҷҷати байналмилалие мебошад, ки муносибати томро вобаста ба кӯдак фаро мегирад. Яъне то қабул гардидани Конвенсия масъалаҳои алоҳида вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар ҳуҷҷатҳои гуногун ба таври пароканда буданд. Конвенсияи гуфташуда самараи бисёрсолаи мутахассисон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ, сохторҳои СММ, олимон ва дигар ташкилоти ғайриҳукуматӣ ба шумор меравад»,-афзуд ӯ.

Изҳор гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар минбари озодиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори аввалин давлатҳои аъзои СММ соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд, ки соли равон ба қабули он 30 сол пур мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид
Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо кам карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон риоя нашудани қонуни танзим 255 ҳолат камтар сабт гардидааст