Дар Душанбе доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 9, 2023 17:53

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии мамлакат ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Дар ҳамоиш  шоиру нависандагон, сарбозону афсарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиш филми мустанади «Пешво» манзури иштирокчиён гардид.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби маърузачиён вобаста ба нақши Пешвои миллат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалӣ ва шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, расидан ба ин дастоварди бузург дар ин марҳила танҳо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст.

Тазаккур дода шуд, ки барои  ҷавонон тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба ин хотир ҷавононро мебояд аз ин шароит самаранок истифода намоянд.

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҷавонони мамлакат ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистон чун ҳарвақта муттаҳиду пешсаф мебошанд. Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое меистанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонон дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба якчанд иштирокчии фаъол сипоснома тақдим шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2023 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид