Дар Хатлон ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва «Лоиҳаи «Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа» идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шуданд.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некуаҳволии оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Гуфта шуд, ки барои сайқал додани малакаи ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Ҳадаф аз фаъолият дар ин самт омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Инчунин вобаста ба ғизои солими модару кӯдак барномаи алоҳида фаъолият менамояд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, ки “14 сол мешавад дар ин созмон кор менамоям. Албатта, мо метавонем дар робита ба ғизои силими модару кӯдак, таҳсили фарогир, ҳодисаҳои фавқулода, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ бо шумо ҳамкории бештар намоем”.
Ҳамзамон барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф ташкилот имконияти фарох дорад. Давоми соли гузашта дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ҳоло низ якчанд нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд, ки давоми соли равон метавонем ба он мусоидат намоем.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки “боварӣ дорам Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар оянда низ вилоятро дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ бештар дастгирӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят саҳми арзанда мегузорад”.
Раиси вилоят ва намояндагони шарикони рушд изҳори умедворӣ намуданд, ки ин ҳамкорӣ ба беҳтар гардидани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти дар соҳаҳо ҷойдошта мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






